News Agency:Ахбор
Пайёми табрики Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ба муносибати солгарди Истиқлоли Тоҷикистон
Муҳаммадбоқир Қолибов – раиси Маҷлиси Шӯрои исломии кишварамон бо ирсоли пайёмҳои ҷудогона ба унвони Рустами Эмомалӣ – раиси Маҷлиси миллӣ ва Муҳаммадтоир Зокирзода – расими Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон фарорасидани 33-умин солгарди Истиқлоли ин кишварро табрик гуфт.
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар пайёмҳои худ бо ишора ба нақши муассири муносибатҳои Парлумонӣ дар тавсеа ва таъмиқи равобити дуҷониа, изҳори умедвори кард, ки равобити дӯстона ва таърихии ду миллати бузург Эрон ва Тоҷикистон бо баҳрагирӣ аз зарфиятҳои мавҷуд дар ростои манфиатҳои миллии ду кишвар дар тамомии заминаҳо рушд ва тавсеа ёбад. Дар ин паёмҳо, аз Худованди мутаол барои раисони маҷлиси Ҷумҳурии Тоҷикистон саломатию саодат ва барои миллати азизи Тоҷикистон, сарбаландӣ ва мувафақият орзу шудааст.
© 2019 - economy@mfa.ir