21 November 2024
DE
فارسی
Сафҳаи аслӣ
Ахбор
News Agency:Ахбор
Мулоқоти Президенти кишварамон бо Президенти Тоҷикистон дар Ню-Йорк
Доктор Пизишкиён: Муносибатҳои Эрону Тоҷикистон бар пояи равобити амиқи таърихӣ ва хешутаборӣ аст. / Эмомалӣ Раҳмон: Мо мехоҳем аз таҷрибаи Эрон истифода кунем ва ҳамзамон равобит дар ҳамаи заминаҳоро таҳким ва амиқтар кунем.
Доктор Масъуд Пизишкиён, дар идомаи барномаҳои сафар ба Ню-Йорк, шоми душанбе дар маҳалли иқоматаш, дар дидор бо чаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, равобити ду кишварро имтиёзнок ва бар пояи амиқи таърихӣ ва хешовандӣ тавсиф ва унвон кард: "Мо мехоҳем равобит ва иртибототи илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва амниятиро бо Тоҷикистон рушд ва густариш диҳем." Президент дар идома масъалаи Афғонистонро мавзуи муштараки ду кишвар донист ва бар зарурати ҳамгароӣ ва ҳамкории бештари Теҳрон-Душанбе барои кумак ба ин кишвар дар роҳи ғалаба бар мушкилот ва масъалаҳои пешомада таъкид кард. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин дидор зимни таҷлил аз мавқеъи доктор Пизишкиён дар ростои эҷоди ваҳдату ҳамбстагӣ миёни кишварҳои исломӣ гуфт: «Ҷумҳурии Исломии Эрон ба рағми фишорҳо ва таҳримҳои золимона ба пешрафтҳои чашмгире даст ёфтааст ва мо мехоҳем аз таҷрибаҳои Эрон истифода кунем ва ҳамзамон равобитро дар ҳамаи заминаҳо таҳким ва амиқтар кунем.