21 November 2024
DE
فارسی
Сафҳаи аслӣ
Ахбор
News Agency:Ахбор
Изҳороти Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати шаҳодати муҷоҳиди кабир донишманди ҷалилул-қадр раҳбари шуҷоъ ва ҷасури “Ҳизбу
Ва онон ки дар роҳи Худо кушта шуданд пас аъмолашонро нобуд нахоҳад кард (4) Онҳоро роҳ хоҳад намуд ва ҳолашонро ба салоҳ хоҳад овард (5) Ва ба биҳиште ки онҳоро ба он шиносо кардааст (ононро) хоҳад даровард. (6) Сураи мубораки Муҳаммад
Шаҳодати муҷоҳиди кабир, донишманди ҷалилул-қадр, раҳбари шуҷоъ ва ҷасури “Ҳизбуллоҳ”-и бузурги Лубнон, шаҳиди бузургвор Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дар қалби тамоми мусалмонон ва озодихоҳони ҷаҳон андӯҳи амиқеро ба бор овард. Албатта, режими ғосиби саҳюнистӣ ба унвони омили аслии ин талафоти бузург ва Амрико ба унвони ҳомии ин режими хунхор, ҳамеша дар миёни рӯсиёҳони таърих боқӣ хоҳанд монд. Сайид Ҳасан Насруллоҳ (р), намунаи ахлоқ, парҳезгорӣ ва раҳбари бузурги меҳвари муқовимат бо пайравӣ аз имоми гиромии худ, Ҳазрати Або Абдуллоҳи Ҳусайн (р) дар мубориза ба муқобили золимон ва дастгирӣ намудани мазлумон нақши намоён дошт. Бидуни шак, ин ҳодисаи талх тафаккури ҷиҳод ва муқовиматро тақвият бахшида, нобудии режими хунхори саҳюнистиро суръат хоҳад бахшид. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эъломи нафрати худ аз ин амали буздилонаи режими саҳюнистӣ, шаҳодати ин муҷоҳиди бузург, намунаи ахлоқ, тақво ва фидокориро ба ҳузури мубораки Ҳазрати Валии Аср (р), Мақоми Муаззами раҳбарӣ, размандагони шуҷои меҳвари муқовимат ва тамоми озодихоҳони ҷаҳон таслият арз менамояд. Бидуни шак, ин ҳодисаи талху дарднок ба дасти режими хунхори саҳюнистӣ боиси тақвияти хатти ҷиҳод ва таҳкими меҳвари қудрат ва суръат бахшидан ба нобудии ин режими бераҳм хоҳад шуд. Алиризо Ҳақиқиён 28 сентябри 2024