21 November 2024
DE
فارسی
Сафҳаи аслӣ
Ахбор
News Agency:Ахбор
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар робита ба шаҳодати муҷоҳиди бузург Яҳё Синвор раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исло
Яҳё Синвор як шохае аз дарахти шарифи муқовимати бошараф алайҳи ишғолгарӣ ва зулми саҳюнистӣ буд ки тамоми умри пурбаракати худро дар муборизаи иззатмандона барои амалӣ шудани ҳуқуқҳои қонунӣ ва башарии мардуми Фаластин ва раҳоии онҳо аз юғи ишғол ва апартеид сарф кардааст. Филми ба намоиш гузошташуда аз лаҳзаи шаҳодати қаҳрамононаи Синвор як намоди шукӯҳмандии имон бузургӣ далерӣ фидокорӣ ва бартарии бошууронаи марги шарафманд аз ҳаёти залилона мебошад
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон «Ҷиҳод кунед, то шаъну шарафро ба фарзандони худ мерос гузоред!« Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳодати Яҳё Синвор, қаҳрамони бузурги роҳи озодии Фаластин ва озодаи сарафроз ва нависандае, ки 22 сол аз зиндагиашро дар зиндони ишғолгарон гузаронд ва дар он муддат чанд асар аз ҷумла романи "Хору мехак"-ро навишт, ва саранҷом силоҳ дар даст дар майдони набард бо артиши ишғолгар ба шаҳодат расидро ба миллати бузург ва сабури Фаластин, уммати исломӣ ва ҳамаи инсонҳои озода ва иззатталаби дунё табрик ва тасалият арз мекунад. Яҳё Синвор, як шохае аз дарахти шарифи муқовимати бошараф алайҳи ишғолгарӣ ва зулми саҳюнистӣ буд, ки тамоми умри пурбаракати худро дар муборизаи иззатмандона барои амалӣ шудани ҳуқуқҳои қонунӣ ва башарии мардуми Фаластин ва раҳоии онҳо аз юғи ишғол ва апартеид сарф кардааст. Номи Синвор ба дафтари ғафси қаҳрамонони афсонавии уммати исломӣ, ҳамчун шайх Аҳмад Ёсин, Абдулазиз Рантисӣ, Қосим Сулаймонӣ, Исмоил Ҳания ва Сайид Ҳасан Насруллоҳ, ки ҳамаи ҳастии худро барои зинда нигоҳ доштани роҳи муқовамат ва муҷоҳидат ҷиҳати поён додан ба ишғолгарӣ ва амалӣ гардонидани ҳаққи қонунӣ ва машрӯъи таъйини сарнавишт ва ҳаққи бунёдини ҳаёти бокаромат фидо карданд, изофа шуд. Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷинояти режими саҳюнистӣ дар террор ва куштори раҳбарон ва нухбагони фаластиниро, ки ба унвони бахше аз тарҳи наслкушии 13-моҳаи ахир дар Фаластини ишғолшуда амалӣ мешавад ба шиддат маҳкум мекунад ва масъулияти таъминкунандагони аслиҳа ва ҳомиёни молӣ ва сиёсии ин режим ба хусус Америкаро ба унвони “ҳамдаст” ва “шарик” дар содир кардани ин ҷиноятҳо ёдовар мешавад. Филми мунташиршуда аз лаҳзаи шаҳодати қаҳрамононаи Синвор дар харобаҳои Ғазза - дар айни инки фарёди расо ва анбоштаи мазлумият ва бепаноҳии миллати ситамдида дар тӯли ҳаштод соли султаи бераҳмонаи ишғолгарон аст – ин як намоди шукӯҳмандӣ аз имон, бузургӣ, шуҷоат, фидокорӣ ва бартарии бошууронаи марги иззатмандона бар ҳаёти залилона аст. Бе шубҳа, бо барканории ҷисмонии муҷоҳидони роҳи иззату каромати инсонӣ на танҳо дар мактаб ва роҳи муқовимат халале ворид нахоҳад шуд, балки марги шарофатмандонаи онҳо таъкиди қавие бар дурустии роҳи онҳо ва илҳомбахши раҳравон ва муҷоҳидони роҳи иззату озодӣ хоҳад буд.