30 July 2025
DE
فارسی
Сафҳаи аслӣ
Ахбор
News Agency:Ахбор
Баргузории маросими «Дафтари ёдбуд» марбут ба ҳодисаи нохуши истгоҳи бандарии шаҳид Раҷоӣ дар Бандар Аббос
Маросими «Дафтари ёдбуд» вобаста ба ҳодисаи нохуши истгоҳи бандарии шаҳид Раҷоӣ дар Бандар Аббос дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин маросим Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе бо ҳузур дар сафорати кишвари мо бо имзо кардани «Дафтари ёдбуд» эҳтиром ба ҷо оварданд.
Маросими «Дафтари ёдбуд» вобаста ба ҳодисаи нохуши истгоҳи бандарии шаҳид Раҷоӣ дар Бандар Аббос дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин маросим Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафирон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе бо ҳузур дар сафорати кишвари мо, бо имзо кардани «Дафтари ёдбуд», эҳтиром ба ҷо оварданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки мавриди истиқболи Алиризо Ҳақиқиён, сафири кишварамон қарор гирифт, аз ҷониби Давлат ва миллати Тоҷикистон ҷон бохтани теъдоди зиёде аз шаҳрвандони эронӣ бар асари ҳодисаи фоҷиабори инфиҷор дар Бандари шаҳид Раҷоӣ дар Бандар Аббосро таслият гуфт ва барои маҷрӯҳони ин ҳодиса шифои комил орзу кард. Сафирони Русия, Чин, Қатар, Туркия, Арабистони Саудӣ, Фаластин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҳинд, Покистон ва роҳбарони намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, инчунин теъдоди зиёде аз шахсиятҳои илмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ ва расонаӣ ҳамдардии худро ба Давлат ва миллати Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор доштанд. Муроҷиат ба сафорати кишварамон дар Тоҷикистон барои имзои «Дафтари ёдбуд» ва изҳори таслият ба миллати шарифи Эрон то соати 16 ба вақти маҳаллӣ идома дошт.