News Agency:Ахбор
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як баёния таҷовузи низомии режими саҳюнистӣ ба кишварамонро ба шиддат маҳкум кард
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як баёния ҳамдардии амиқ ва тасаллияти худро ба миллати Эрон изҳор намуда бо изҳори нигаронии ҷиддӣ аз вахомат ёфтани вазъият дар Ховари Миёна ҳамлаҳои низомии Исроил ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эронро ки боиси талафоти ҷонӣ гардидаанд ҳамчун нақзи усулҳои пазируфташудаи равобити байналмилалӣ ба шиддат маҳкум кард.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як баёния, ҳамдардӣ ва тасаллияти худро ба миллати Эрон изҳор намуд. Дар ин баёния омадааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори нигаронии амиқ нисбат ба вахомат ёфтани вазъ дар Ховари Миёна, ҳамлаҳои низомии Исроил ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки боиси талафоти ҷонӣ гардидаанд, ҳамчун нақзи усулҳои пазируфташудаи равобити байналмилалӣ ба шиддат маҳкум менамояд. Дар ин робита, ҷониби Тоҷикистон ҳамдардии самимии худро ба хонаводаҳо ва наздикони қурбониён, инчунин ба тамоми мардуми бародари Эрон изҳор дошта, бори дигар таъкид мекунад, ки ягона роҳи ҳалли ҳама гуна буҳронҳо ва низоъҳо дар минтақа, гуфтугӯ ва музокирот мебошад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми ҷонибҳо даъват ба амал меорад, ки аз иқдомоти минбаъдаи низомӣ, ки метавонад паёмадҳои фоҷеабор ба дунбол дошта бошад, худдорӣ намоянд ва бо пойбандӣ ба усулҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, барои пайдо кардани роҳҳои сулҳомези ҳалли ин буҳрон иқдомоти фаврӣ ва зарурӣ рӯи даст гиранд.  
© 2019 - economy@mfa.ir