30 July 2025
DE
فارسی
Сафҳаи аслӣ
Ахбор
News Agency:Ахбор
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як баёния ҳамлаҳои Амрико ва режими саҳюнистиро алайҳи муассисаҳои ҳастаии кишварамон ба шиддат
Пас аз ҳамлаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва режими саҳюнистӣ ба муассисаҳои ҳастаии кишварамон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳавоии рӯзи 22-уми июни 2025 аз ҷониби Амрико ва Исроил алайҳи муассисаҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эронро ба шиддат маҳкум намуда нигаронии амиқи худро аз шиддат гирифтани даргириҳо ки метавонад буҳрони кунуниро ба як ҷанги фарсоишӣ бо паёмадҳои хатарнок барои тамоми минтақа ва ҷаҳон табдил диҳад изҳор дошт.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як баёния, ҳамлаҳои Амрико ва режими саҳюнистиро алайҳи муассисаҳои ҳастаии кишварамон ба шиддат маҳкум кард. Дар ин баёния омадааст: «Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳавоии рӯзи 22-уми июни 2025 аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил алайҳи муассисаҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эронро ба шиддат маҳкум намуда, нигаронии амиқи худро нисбат ба шиддат гирифтани даргириҳо, ки метавонад буҳрони кунуниро ба ҷанги фарсоишӣ бо паёмадҳои хатарнок барои тамоми минтақа ва ҷаҳон табдил диҳад, изҳор медорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пойбандӣ ба усули ҳуқуқи байналмилалӣ, аз Созмони Милали Муттаҳид, Оҷонси байналмилалии нерӯи атомӣ (IAEA) ва дигар ниҳодҳои мӯътабари байналмилалӣ даъват ба амал меорад, ки тасмимҳои фаврӣ ва қатъӣ барои пешгирӣ аз нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ ва фоҷеаҳои эҳтимолии муҳити зист рӯи даст гиранд ва барои ҳифзи сулҳ, субот ва амният дар минтақа талош варзанд. Тоҷикистон бори дигар таъкид мекунад, ки ягона роҳ барои ҳаллу фасли ихтилофот ва даргириҳо, гуфтугӯҳои сиёсӣ ва дипломатист ва аз талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати коҳиши танишҳо ва барқарорсозии сулҳи пойдор дар Ховари Миёна пуштибонӣ менамояд.»