24 November 2024
2023/11/15 - 12:43
View 56

Омодасозии 110 тарҳи нефту химия дар нуқоти мухталифи Эрон

Муртазо Шоҳмирзоӣ мудир омили ширкати нефту химияи Эрон гуфт: Омодасозӣ ва иҷрои беш аз 110 тарҳи нефту химия дар нуқоти мухталифи кишвари Эрон барномарезӣ шудааст.

Вай афзуд: Дар ҳоли ҳозир 72 маҷмуаҳои нефту химия   дар Эрон вуҷуд дорад, ки солона 16   миллиард доллар аз маҳсулоти ин санъат содир мешавад.

   Шоҳмирзоӣ таъкид кард: Зарфияти насбшудаи санъати нефту химияи   Эрон 92 миллион тон аст, ки дар чанд соли  оянда ба 130 миллион тон хоҳад расид. Санъати нефту химияи   Эрон, муваффақияти бузургеро ба даст оварда ва ба Иттиҳодияи содиркунандагони катализатор(catalyst) пайвастааст.

     Ба гуфтаи масъулони ширкати нефту химияи Эрон, роҳбурдҳои давлат дар ҳавзаи нефту химия   дар чанд меҳвар думбол  мешавад, ки муҳимтарин бахши он такмил ва тавсеаи занҷираи арзиш, ҳимоят аз донишбунёнҳо, сохти дохил ва  бумисозии катализаторҳост. Афзун бар он, дар ҳавзаи тавлид, бештар истифода аз дониш ва сохти дохил  анҷом мешавад.

 Аз дигар роҳбурдҳои давлати Эрон, фаъолсозии тарҳҳои мутаваққиф аст, то тарҳҳое, ки дар шаҳрҳои  мухталиф эҷод шуда ва солҳост аз кор мондаанд, таъйини таклиф шаванд ё тарҳҳои ҷойгузин барои мавридҳое  , ки дигар қобили иҷро нестанд, пешниҳод шавад.

 Бино бар эъломи муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин кишвар ба лиҳози тавлиди навъҳои таҷҳизоти нафт, газ ва  нафту химия, полоишгоҳҳо, нерӯгоҳҳо, анвоъи катализатор ва навсозӣ ва бозсозии маҷмуаҳои полоишӣ    тавонмандиҳои болое дорад ва омода содирот аст.

https://drive.google.com/drive/folders/1MVGtqoAqGXsBx4LMwALj7UAeVgDZuF9O

 

متن دیدگاه
نظرات کاربران
تاکنون نظری ثبت نشده است