News Agency:Ахбор
Дидори прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон – Президенти ин кишвар дидор ва табодули назар кард.
Ҳуҷатуллоҳислому муслимин Муваҳидӣ – прокурори генералии кишварамон барои ширкат дар 5-умин Ҷаласаи Прокуророни генералии Созмони ҳамкории иқтисод (ЭКО) ба Тоҷикистон сафар карда буд, 16 май соли 2024 ҳамроҳ бо раисони дигар ҳайатҳои ширкаткунанда бо Эмомалӣ Раҳмон – Президент дидор кард. Гуфтанист, ки ду рӯз пеш (сешанбе 14 май Прокурори генералии кишвар ба манзури ширкат дар 5-умин Ҷаласаи Прокуророни генералии Созмони ҳамкории иқтисод (ЭКО) ба Душанбе – Пойтахти Тоҷикистон сафар намуд. Аввалин Ҷаласаи Прокуророни генералии кишварҳои узви (ЭКО) дар моҳи майи 2012 ба мизбонии Эрон, дувумин ҷаласа моҳи май 2015 дар Туркия, севумин ҷаласа дар соли 2017 дар Покистан, чаҳорумин ҷаласа дар сентябри 2023 дар Озарбойҷон баргузор шудааст.    
© 2019 - economy@mfa.ir