News Agency:Ахбор
Номаи Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ - Раҳбари Инқилоби Исломӣ хитоб ба донишҷӯёни бовиҷдони ҳомии мардуми Фаластин
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ - Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар номае ба донишҷӯёни бовиҷдон ки дар донишгоҳҳои Амрико аз мардуми Фаластин ҳимоят мекунанд дар баробари изҳори ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ бо эътирозҳои зиддисаҳюнистии ин донишҷӯён онҳоро бахше аз ҷабҳаи муқовимат медонистанд ва бо ишора ба тағйири вазъияту сарнавишти минтақаи ҳассоси Осиёи Ғарбӣ ба гардиши саҳифа дар таърихи ҷаҳон таъкид карданд
Матни номаи Оятуллоҳ Хоманаӣ чунин аст: Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим Ин номаро ба ҷавононе менависам, ки виҷдони бедорашон онҳоро ба дифоъ аз кӯдакону занони мазлуми Ғазза водор кардааст. Ҷавонони донишҷӯёни азиз дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико! Ин аст паёми ҳамдилӣ ва ҳамбастагии мо бо шумо. Шумо акнун дар тарафи дурусти таърих истодаед, ки дар ҳоли варақ хурдан аст, истодаед. Шумо акнун бахше аз ҷабҳаи муқовиматро ташкил кардаед ва зери фишори бераҳмонаи ҳукумататон, ки ошкоро аз режими ишғолгару бераҳмии саҳюнистӣ дифоъ мекунад, муборизаи бошарафро оғоз кардед. Ҷабҳаи бузурги муқовимат дар ҷои дур бо дарк ва эҳсосоти кунунии шумо солҳо мубориза мебарад. Ҳадаф аз ин мубориза ҷилавгирӣ аз зулми ошкоре аст, ки як шабакаи террористӣ ва бераҳм бо номи "саҳюнистҳо" солҳо пеш бар миллати Фаластин расонда ва пас аз ишғоли кишварашон онҳоро зери сангтарин фишору шиканҷаҳо қарор додааст. Наслкушии имрӯза аз ҷониби режими апартеиди саҳюнистӣ идомаи рафтори ниҳоят бераҳмонаи даҳсолаҳои гузашта аст. Фаластин як сарзамини мустақилест, ки миллате аз мусалмонон, насрониён ва яҳудиён иборат буда, таърихи тӯлонӣ дорад. Пас аз ҷанги ҷаҳонӣ капиталистони шабакаи саҳюнистӣ бо ёрии хукумати Англия тадриҷан чандин ҳазор террористро ба ин сарзамин оварданд; онҳо ба шаҳру рустоҳои он хуҷум карданд; даҳҳо ҳазор нафар кушта ё ба кишварҳои ҳамсоя ронданд; хонаву бозор ва хоҷагиҳоро аз дасти онҳо кашида гирифтанд ва дар сарзамини ғасбшудаи Фаластин давлате бо номи Исроил ташкил карданд. Бузургтарин пуштибони ин режими ғасбкунанда пас аз кумаки аввалини Британия ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост, ки пуштибонии сиёсӣ, иқтисодӣ ва аслиҳаи худро аз ин режим идома дод ва ҳатто роҳро барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ бо ин режим боз карда ва бепарвоии авфнопазир ба вай дар ин рох ёрӣ кардан. Режими саҳюнистӣ аз рӯзи нахуст сиёсати "мушти оҳанин"-ро алайҳи мардуми бедифоъи Фаластин ба кор бурда ва сарфи назар аз ҳама арзишҳои виҷдонӣ, инсонӣ ва динӣ рӯз ба рӯз бераҳмӣ, терор ва саркӯбгариро афзоиш дод. Хукумати ШМА ва шарикони он, ҳатто аз як ахм аз рўй кашидан дар пеши ин терроризми давлатӣ ва зулми пай дар пай худдорӣ карданд. Ҳатто имрӯз, баъзе изҳороти ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар бораи ҷинояти мудҳиш дар Ғазза риёкоронатар аз воқеият мебошанд. "Ҷабҳаи Муқовимат" аз қалби ин фазои торик ва ноумедӣ бархост ва ташкили ҳукумати "Ҷумҳурии Исломӣ" дар Эрон ба он тавсеъа ва тавонмандӣ бахшид. Раҳбарони саҳюнизми байналмиллалӣ, аксари ширкатҳои расонаӣ дар Амрикову Аврупо ба онҳо тааллуқ доранд ё зери таъсири пулу ришваи онҳо ҳастанд, ин муқовимати инсонӣ ва шуҷоъро терроризм муаррифӣ карданд! Оё миллате, ки дар сарзамини худ аз ҷиноятҳои истилогарони саҳюнистӣ дифоъ мекунад, террорист аст? Ва оё кумаки инсонӣ ба ин миллат ва таҳкими аслиҳаи он кумак ба терроризм маҳсуб мешавад? Сарварони султаи қаҳромези ҷаҳонӣ ҳатто ба мафҳумҳои инсонӣ раҳм намекунанд. Онҳо аз худ вонамуд мекунанд, ки режими бераҳм ва террористии Исроил дифоъ карда истодааст ва муқовимати Фаластинро, ки озодӣ, амният ва ҳуқуқи худмуайянкуниро дифоъ мекунад, "террорист" меноманд! Мехохам шуморо бовар кунонам, ки имруз вазъият дар ҳоли тағийр аст. Минтақаи ҳассоси Осиёи Ғарбиро сарнавишти дигаре интизор аст. Дар миқёси ҷаҳонӣ бисёр виҷдонҳо бедор шуданд ва ҳақиқат ошкор мешавад. Ҷабҳаи муқовимат ҳам нерумандтар хоҳад шуд. Таърих ҳам дар ҳоли варақ хурдан аст. Ба ғайр аз шумо студентони даҳҳо университети ШМА, донишкадаҳои Олӣ ва одамони дигар мамлакатҳо низ ба по хестанд. Ҳамроҳӣ ва дастгирии устодони донишгоҳ ба шумо донишҷӯён як чорабинии муҳим ва муассир аст. Ин метавонад дар баробари шиддатнокии амали полиси давлатӣ ва фишоре, ки онҳо ба шумо мерасонанд, то андозае тасаллӣ бахшад. Ман ҳам ба шумо ҷавонон ҳамдардӣ дорам ва мавқеи шуморо эҳтиром мекунам.   Дарси Қуръон барои мо мусалмонон ва барои тамоми мардуми дунё истодагӣ дар роҳи ҳақ аст: فَاستَقِم کَما اُمِرت؛(۱) “Пас, ҳамон гуна ки дастур ёфтаӣ истодагӣ кун...”) ва дарси Қуръон дар бораи равобити инсон ин аст: на ситам кунед ва на зери бори ситам биравед: لا تَظلِمونَ وَ لا تُظلَمون.(۲) Ҷабҳаи муқовимат бо фарогирӣ ва амал ба ин дастурҳо ва садҳо монанди он бапеш меравад ва ба пирӯзӣ хоҳад расид. Худо хоҳад Тавсия мекунам, ки бо Куръон ошно шавед. Сайид Алӣ Хоманаӣ 25.05.2024 Сураи Ҳуд, қисме аз ояти 112; - “Пас, ҳамон гуна ки дастур ёфтаӣ истодагӣ кун...” Сураи Бақара, қисме аз ояти 279.  
© 2019 - economy@mfa.ir