22 November 2024
DE
فارسی
Сафҳаи аслӣ
Ахбор
News Agency:Ахбор
Пайёми табрики Президенти кишварамон ба муносибати солгарди Истиқлоли Тоҷикистон
Масъуди Пизишкиён – Президенти кишварамон бо ирсоли пайёме ба Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Тоҷикистон фарорасидани солгарди Истиқлоли ин кишварро табрик гуфт
Матни пайёми табрики эшон ба шарҳи зер аст: Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Табрикоти самимонаамро ба муносибати фаро расидани солгарди Истиқлоли кишвари дӯст, бародар ва ҳамзабони Ҷумҳурии Тоҷикистон пазиро бошед. Густариши муносибатҳо ва ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойгоҳи аввали сиёсати хориҷии Давлати чаҳордаҳуми Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад ва итминон дорам, ки равобити асосёфта бар эҳтироми мутақобил ба нафъи мардуми ду кишвар беш аз гузашта тақвияту густариш хоҳад ёфт. Аз Худованди мутаол, саломатӣ ва муваффақияти Ҷаноби Олӣ ва тадовуми рушд ва пешрафти мардуми азизи Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзумандам. Масъуд Пизишкиён Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон