20 September 2024
2023/11/08 - 09:23

Сабти рустои эронӣ дар байни бартарин рустоҳои гардишгарии ҷаҳон

Рустои сахраии Кандувон дар шимолу ғарби Эрон ба тозагӣ дар феҳристи беҳтарин рустоҳои гардишгарии ҷаҳон дар соли 2023 сабт шудааст

Созмон ҷаҳонии гардишгарӣ рустои Кандувонро ба унвони аввалин рустои эронӣ дар канори 53   рустои дигар аз кишварҳои мухталиф дар ин феҳрист қарор дод.

              Кандувон дар ҳудуди 60 километрии шаҳри Табриз қарор дорад ва яке аз маъруфтарин ва шигифтангезтарин ҷозибаҳои табиӣ ва таърихии Эрон аст. Ин русто яке аз маъдуд рустоҳои сахраӣ дар ҷаҳон аст, ки ҳанӯз мардум дар он зиндагӣ мекунанд. Ҷамъияти  ин русто ҳудуди 600 нафар аст.

               Ба ақидаи муҳаққиқон, қидмати ин сахраҳо ба ҳафт ҳазор соли пеш ва қидмати зиндагӣ дар онҳо низ ба 1500   соли пеш мерасад. Хонаҳои ин русто, ки дар доманаи кӯҳ канда шудааст, намоди сахткушии мардумӣ аст, ки бо дастҳои худ хонаҳоро сохтаанд.

 Кандувон ба далели меъмори сахраӣ ва бофти махсуси он дар феҳристи Осори миллии Эрон ба сабт расида ва дар  навбати сабт дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО қарор дорад.

                 Дар ҳафт моҳи гузашта, беш аз як миллион гардишгари эронӣ ва 60 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз Кандувон боздид  кардаанд. Ин рустои гардишгарии ҷаҳонӣ беш аз 40 воҳид иқоматгоҳи бумгардӣ бо стандартҳои байналмилалӣ дорад.

https://drive.google.com/drive/folders/1Y7N1kdtYHpPc-seuGZrGuTj9vBLsZWqa

 

متن دیدگاه
نظرات کاربران
تاکنون نظری ثبت نشده است