23 November 2024
2024/07/31 - 09:39
View 64

Мулоқоти Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар чаҳорчӯби маросими савгандёдкунии Президенти ҷадиди Эрон (30 июни 2024) бо Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, дар чаҳорчӯби маросими савгандёдкунии Президенти ҷадиди Эрон (30 июни 2024) бо Эмомалӣ РаҳмонПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар дидори худ бо Президенти Тоҷикистон таъкид кард: Забони форсӣ яке аз равобити муҳимми Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар муроҷиат ба Президенти Тоҷикистон гуфт: Умедворем, ки хатти бостонии форсӣ дар Тоҷикистон низ эҳё мешавад.

Вай масъулони ду кишварро заминаи тавсеъаи ҳамкориҳо донист ва гуфт: Забони форсӣ аз муштаракоти муҳимми Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон аст ва бояд ҳамкориҳои бештаре барои ҳифз ва густариши ин забон ва ҷилавгирӣ аз бархе аз талошҳо барои инзивои он, ҳамкориҳои бештаре сурат гирад ва таъкид кард: Сиёсати аслӣ ва авлавияти Ҷумҳурии Исломии Эрон густариши равобит бо кишварҳои минтақа, ба хусус кишварҳое аст, ки ҳамзабону фарҳанг, таъриху дини муштарак доранд.

Эмомалӣ Раҳмон -  Президенти Тоҷикистон, Раҳбари инқилоби исломии Эронро бо баргузории бомуваффақияти интихоботи Президенти Эрон табрик гуфт ва изҳори умедворӣ кард, ки ҷониби Тоҷикистон равобити ду кишварро дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати ҷадиди Эрон густариш хоҳад дод.

Дар идомаи ин сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Тоҷикистон, дар бораи муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии мардуми дӯсту бародари ду кишвар ва таваҷҷӯҳи ҷонибҳо ба густариши равобит дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамкорӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ва азми қатъии ҷониби Тоҷикистон дар идомаи ин раванд таъкид гардид.

Ҷонибҳо аз тавсеаи пайвастаи равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, бахусус дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки ин раванди муассир идома хоҳад ёфт.


 

متن دیدگاه
نظرات کاربران
تاکنون نظری ثبت نشده است