19 September 2024
2024/08/23 - 10:30

Паёми табрики вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Аббос Ароқчӣ паём фиристода, ӯро ба муносибати вазири корҳои хориҷии кишварамон таъин шуданаш табрик кард.

Матни паём ба шарҳи зер аст:

 

Ҷаноби Аббос Ароқчӣ,

Шарафмандам ба муносибати таъйин шуданатон ба мансаби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Шумо таҳнияти самимӣ изҳор намоям.

Итминон дорам, ки бо саъю талошҳои муштараки ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг ҳамкориҳои байнидавлатии кишварҳоямон минбаъд низ дар самтҳои гуногун густариш ёфта, бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ хоҳанд гашт.

Дар ин росто, ба Шумо дар иҷрои вазифаҳои масъулиятнокатон комёбӣ ва ба мардуми дусту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии рӯзафзор орзумандам.

 

Бо камоли эҳтиром,

Сироҷиддин Муҳриддин

 

 

متن دیدگاه
نظرات کاربران
تاکنون نظری ثبت نشده است