1 April 2025
2024/12/26 - 07:44

Ҷашнвораи хайриявии ¬ғизо ширинӣ ва ҳунарҳои миллӣ

Ҷашнвораи хайриявии ғизо ширинӣ ва ҳунарҳои миллӣ бо ширкати Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва дигар сафоратхонаҳои муқим ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар таърихи 21 декабри 2024, “Ҷашнвораи хайриявии ғизо, шириниҳо ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати сафоратхонаҳои муқими ин кишвар ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва бо ҳузури бархе аз мақомоти Тоҷикистон аз ҷумла Сироҷиддин Муҳриддин,  вазири корҳои хориҷӣ барпо гардид.

Дар ин маросим ғурфаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди истиқболи густардаи боздидкунандагон қарор гирифт ва ҷамъи зиёде аз мардум, сафирон ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла вазири корҳои хориҷии ин кишвар аз ин ғурфа дидан карданд. Дар анҷоми маросим маблағи аз фурӯши маҳсулот ба даст омада ба фонди хайриявии ин ҷашнвора гузаронида шуд.

متن دیدگاه
نظرات کاربران
تاکنون نظری ثبت نشده است