29 July 2025
2025/07/18 - 14:43

Маросими бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва Рӯзи посдошти забони форсӣ

Шомгоҳи ҷумъаи 16-уми майи 2025 ба муносибати бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва Рӯзи посдошти забони форсӣ маросими бошукӯҳе бо ҳузури ҷамъе аз аҳли фарҳангу адаб расона шоирон андешамандон ва зиёиёни тоҷик дар маҳалли сафорати кишварамон баргузор шуд.

Дар ин маросим Алиризо Ҳақиқиён, сафири кишварамон бо ишора ба хусусиятҳои ин шоири пуровоза изҳор дошт: Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ нақши беназир ва мондагор дар ҳифз ва рушду нумӯи забони форсӣ ва эҳёи ҳувияти миллӣ дорад. Ӯ ба ростӣ яке аз қуллаҳои баланди адаб ва фарҳанги муштараки Эрону Тоҷикистон аст ва «Шоҳнома»-и ӯ асаре беназир, гаронбаҳо ва ҷовидона аст, ки дар адабиёт ва таърихи Эронзамин ҷойгоҳи хеле муҳим дорад.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон афзуд: Фирдавсӣ дар шоҳкори адабии худ бо ба назм даровардани достонҳои асотирӣ, паҳлавонӣ ва таърихӣ, бар риояи арзишҳои маънавӣ, инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ таъкид мекунад ва шеърҳои ин шоири бузург ва номдор пур аз ҳодисаҳои ҳамосавист, ки аксаран бо мафҳумҳое чун далерӣ, вафодорӣ, шуҷоат, адолат ва муҳаббат ба Ватан ҳамроҳ мебошанд.

Ҳақиқиён дар поён таъкид кард: Фирдавсӣ бо ба назм даровардани ин ҳамосаи ҷовид, таъсири амиқ бар адабиёти форсӣ гузошт ва ба ин васила, фарҳанг ва забони форсиро зинда кард. Ба гунае ки дар тӯли таърих пас аз ӯ, бисёре аз шоирони бузурги форсизабон аз ин асари гаронбаҳо илҳом гирифтанд

متن دیدگاه
نظرات کاربران
تاکنون نظری ثبت نشده است