3 October 2025
2025/08/26 - 15:15

Мулоқоти доктор Ароқчӣ вазири муҳтарами корҳои хориҷӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар мулоқоти доктор Ароқчӣ вазири корҳои хориҷии кишварамон бо Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар иродаи ду кишвар барои тавсеаи равобит дар тамоми заминаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид шуд.

Вазири корҳои хориҷии Эрон Сайид Аббос Ароқчӣ, ки барои машварат бо мақомҳои баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 30 июли 2025, ба шаҳри Душанбе сафар кардааст, дар ибтидо бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқот намуд.

Дар ин вохӯрӣ, ки дар Қасри Миллат баргузор шуд, вазири корҳои хориҷӣ бо расонидани саломи Мақоми Муъаззами Раҳбарӣ ва Президенти  кишварамон ба Президент ва мардуми Тоҷикистон, бар иродаи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои густариши муносибатҳо бо Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои муҳиму мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар таъкид намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ бо ишора ба пайвандҳои амиқи дӯстӣ ва тафоҳуми байни ду миллати Эрону Тоҷикистон бахусус забон, насл, тамаддун, таърих ва фарҳанги муштарак, таъкид кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон қасд дорад аз ин муштаракоти арзишманд ва беназир барои таҳким ва амиқтар сохтани муносибатҳо ва муомилот дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, дипломатӣ, фарҳангӣ–омӯзишӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар ҳадди аксар истифодаро барад.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни хайрамақдам ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва иблоғи саломҳои гарм ба Мақоми Муъаззами Раҳбарӣ ва Президенти кишвармон, робитаи ду миллати Тоҷикистону Эронро робитаи вежа ва мубтанӣ бар маваддату дўстии амиқи таърихӣ тавсиф кард ва бар зарурати таҳкими ҳарчи бештари муносиботи байни ду кишвар таъкид кард.

Дар вохӯрӣ ҳолати муносибатҳои дуҷониба ва имкониятҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳо баррасӣ гардид.

Ҳамчунин таҳаввулоти охирин дар минтақаҳои атроф, аз ҷумла Қафқоз, Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва минтақаи Ховари Миёна мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷонибҳо назару таҳлилҳои худро дар бораи ин равандҳо мубодила карданд.

متن دیدگاه
نظرات کاربران
تاکنون نظری ثبت نشده است