Доктор Масъуд Пизишкиён дар мулоқот бо оқои Қоҳир Расулзода Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон: Эрониҳо дар Тоҷикистон ҳеҷгоҳ эҳсоси бегонагӣ намекунанд
Доктор Масъуди Пизишкиён шоми панҷшанбеи 16 январи соли 2025 дар идомаи сафараш ба Тоҷикистон бо Қоҳир Расулзода Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карда аз осори тамаддун ва фарҳангии дерин ва равобити деринаи ду миллат ситоиш кард ва гуфт: Муносибатҳои ду миллати Эрон ва Тоҷикистон ба ҳам печида ва амиқ аст ки вақте ман аз кӯчаҳои Душанбе мегузарам номҳо ва нишонаҳое ҳастанд ки мо дар гузашта дар китобҳои дарсии худ хонда будем мисли Рӯдакӣ Фирдавсӣ ва Ҳофиз Мо дар ин кишвар ҳеҷ гоҳ худро бегона ҳис намекунем
Доктор Масъуди Пизишкиён шоми панҷшанбеи 16 январи соли 2025 дар идомаи сафараш ба Тоҷикистон бо Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карда, аз осори тамаддун ва фарҳангии дерин ва равобити деринаи ду миллат ситоиш кард ва гуфт: "Муносибатҳои ду миллати Эрон ва Тоҷикистон ба ҳам печида ва амиқ аст, ки вақте ман аз кӯчаҳои Душанбе мегузарам, номҳо ва нишонаҳое ҳастанд, ки мо дар гузашта дар китобҳои дарсии худ хонда будем, мисли Рӯдакӣ , Фирдавсӣ ва Ҳофиз; Мо дар ин кишвар ҳеҷ гоҳ худро бегона ҳис намекунем.
Сарвари давлат бо таъкид бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар гуфт: "Таърихи муштараки ду кишвар аз мо тақозо мекунад, ки равобити худро рӯз то рӯз беҳтар ва ҳамкориҳоро дар ҳама соҳаҳо амиқтар гардонем." Эрон барои тавсеаи равобит бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гугогун маҳдудияте надорад ва талош дорад, ҳама монеаҳои имконпазирро дар роҳи ин ҳадаф аз байн барад.
Доктор Пизишкиён ба аҳамияти тиҷорат ва сармоягузории дуҷониба таъкид карда ва изҳор дошт: "Яке аз роҳҳои густариши равобит мусоъидат ба равобити тиҷоратӣ ва имзои созишномаи тиҷории имтиёзнок миёни ду кишвар аст."
Сарвазири Тоҷикистон низ дар ин дидор бар аҳамияти равобит бо Эрон барои кишвараш таъкид кард ва гуфт: Сафари шумо ва асноди имзошуда миёни ду кишвар барои Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад. Имзои ин миқдор созишнома ва санадҳои ҳамкорӣ аз сатҳи баланди равобити дуҷониба шаҳодат медиҳад