29 July 2025
2025/07/18 - 14:37

Баргузории маросими бузургдошти устоди сухан Саъдии Шерозӣ

Маросими бузургдошти Рӯзи Саъдӣ бо ҳузури даҳҳо тан аз чеҳраҳои шинохтаи илмӣ адабӣ фарҳангӣ ҳунарӣ ва расонаии тоҷику эронӣ инчунин ҳунарпешагони тоҷики силсилафилми «Пойтахт» дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин маросим Гулрухсор Сафиева шоири шинохтаи Тоҷикистон Абдулҷаббор Кокоӣ Исмоил Аминӣ ва Зебо Ишроқӣ доир ба вижагиҳои шеъри Саъдӣ суханронӣ карданд.

Маросими бузургдошти Рӯзи Саъдии Шерозӣ, шоири пуровоза ва яке аз паёмбарони шеъри форсӣ, ки дар бинои сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд, даҳҳо тан аз чеҳраҳои шинохтаи илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии тоҷик ва эронӣ ҳузур доштанд.

Сипас, Алиризо Ҳақиқиён, сафири кишварамон дар Тоҷикистон, зимни суханронӣ бо изҳори хушнудӣ аз мизбонии гурӯҳе аз донишмандон ва фарҳангиёни тоҷику эронӣ дар рӯзи бузургдошти устоди сухан Саъдии Шерозӣ, изҳор дошт: «Барои шахсоне мисли ман сухан гуфтан дар бораи шахсияти боҷалолате чун Саъдии бузург, он ҳам дар ҳузури устодон ва аҳли адаб, бисёр душвор аст, вале аз он ҷо ки Саъдӣ мутааллиқ ба хоссу ом ва ба иборати дигар мутааллиқ ба тамоми табақаҳо мебошад, як ҷумла дар бораи шахсият ва андешаҳои ӯ арза медорам.»

Вай идома дод: Шайхи Аҷал Саъдии Шерозӣ мероси муштараки фарҳангии ҳамаи онҳост, ки дар саросари ҷаҳон ба забони Саъдӣ сухан мегӯянд. Мо ифтихор дорем, ки Саъдии Шерозӣ ба фарҳанг ва мардуме тааллуқ дорад, ки ҳамеша навиддиҳандаи сулҳ ва омӯзгори ахлоқ будааст.

Ҳақиқиён осори Саъдиро барои ҳамаи ҷаҳониён арзишманд хонд ва таъкид намуд: Сухани арҷманди Саъдӣ дарахти пурбаракатест, ки аз обу хоки фарҳанги мост, аммо меваҳои нағз ба ҷаҳониён ҳадя кардааст.

Сафири Эрон дар қисмати анҷомии суханрониаш бо ишора ба аҳамияти гиромидошти бузургоне мисли Саъдӣ гуфт: «Бузургдошти Саъдӣ эҳтиром ба ҳамаи арзишҳои ахлоқӣ ва башарист, ки ӯ дар осори худ ба мо ва ҷаҳониён пешниҳод кардааст; тавсияҳое, ки барои мардумони ҷаҳон дар ҳар давру ҳар насл муфид мебошад.»

Дар идомаи барнома, Гулрухсор Сафиева, шоири маъруфи тоҷик, Абдулҷаббор Кокоӣ, Исмоил Аминӣ ва Зебо Ишроқӣ- шоирон ва пажуҳишгарони эронӣ зимни суханрониҳои худ ба шарҳи аҳамияти осори Саъдӣ пардохтанд ва ӯро сазовортарин намояндаи хиради эрониву дурахшортарин ситораи осмони адаб ва ҳикмати форсиву ҷаҳонӣ унвон карданд.

 

متن دیدگاه
نظرات کاربران
تاکنون نظری ثبت نشده است