Доктор Масъуд Пизишкиён дар дидор бо Маҳмадтоир: ҳамкориҳои порлумонҳои Эрон ва Тоҷикистон метавонад ба қонунҳои тиҷорат ва сармоягузории дутарафа мус
Доктор Масъуди Пизишкиён дар идомаи нақшаҳои сафараш ба Тоҷикистон баъд аз зӯҳри панҷшанбеи 16 январи соли 2025 дар дидор бо Маҳмадтоир Закирзода раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо ишора ба собиқаҳои тамаддун ва муштаракоти забонӣ ва фарҳангии ду кишвар изҳор намуд: Ман дар сафар ба Тоҷикистон худро дар ғурбат ва бегона ҳис намекунам. Мо бо як забон ҳарф мезанем ва таърихи тӯлонии дӯстии ҳазорсолаҳои ду миллат вуҷуд дорад
Доктор Масъуди Пизишкиён дар идомаи нақшаҳои сафараш ба Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри панҷшанбеи 16 январи соли 2025 дар дидор бо Маҳмадтоир Закирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо ишора ба собиқаҳои тамаддун ва муштаракоти забонӣ ва фарҳангии ду кишвар изхор намуд: Ман дар сафар ба Тоҷикистон худро дар ғурбат ва бегона ҳис намекунам. Мо бо як забон ҳарф мезанем ва таърихи тӯлонии дӯстии ҳазорсолаҳои ду миллат вуҷуд дорад.
Президент бо ишора ба собиқаи намояндагии худ дар Маҷлиси Шӯрои исломӣ қайд намуд: Умедворам, ки тавассути ҳамкории ду порлумон қонунҳои дар бораи тиҷорат ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар сабуктар ва ҳама монеаҳои мавҷуд дар роҳи равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ аз байн бурда шаванд.
Доктор Пизишкиён равобити ду кишварро муҳим тавсиф ва муаян кард: Эрон барои тавсеаи равобит бо Тоҷикистон маҳдудияте надорад ва ҳар ҷо, ки мушкиле вуҷуд дорад, мо барои ҳалли он талош хоҳем кард. Умедворам, ки ҳуҷҷатҳои ҳамкорие, ки имрӯз миёни ду кишвар ба имзо расид, ҳарчи зудтар пурра амалӣ мешаванд ва мо шоҳиди рушди рӯзафзуни ҳамкориҳои ду кишвар хоҳем шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳам дар ин дидор ба омодагии Тоҷикистон барои тавсеаи равобит таъкид кард ва гуфт: Тоҷикистон барои ҳамкориҳои васеъ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳама замина, бахусус дар заминаи ҳамкориҳои порлумонӣ омода аст.
Маҳмадтоир Закирзода бо ишора ба муштаракоти васеъи фарҳангии Эрону Тоҷикистон гуфт: Ду кишвар решаҳои муштараки таърихӣ ва тамаддунӣ доранд ва ин таърихи муштарак метавонад заминаи ҳамкориҳои васеъи ду кишвар бошад.