Маросими ҷашни шаби Ялдо
Ҷашни шаби Ялдо 20 декабри соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҷашни шаби Ялдо 20 декабри соли 2024, бо мизбонии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба сурати бошукӯҳ ва бо ҳузури хидматгузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон, хонаводаҳо ва гурӯҳи зиёде аз ҳамватанони муқими ин кишвар баргузор шуд.
Ин маросим бо қироати ашъори Ялдо, гирифтани фол аз Девони Ҳофизи Шерозӣ, дастурхони махсуси шаби Ялдо ва зиёфати шом, фурсати фароғат ва хотирмонро барои ҳозирин фароҳам кард.