21 November 2024
2024/08/16 - 16:03
View 54

Мулоқоти сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

Алиризо Ҳақиқиён - сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 25 августи 2024 бо генерал-полковник Рамазон Раҳимзода - вазири умури дохилии Тоҷикистон мулоқот кард.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин дидор ба тамоюли афзояндаи ҳамкориҳои ду кишвар ва ҳамчунин шароиту таҳаввулоти минтақа ва чолишҳо ва таҳдидҳои муштарак, густариши ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати кишвари Эрон ба вижа дар бахшҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккил, қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсонро муҳим ва зарурӣ хонд.

Сафири кишварамон бо ишора ба сифати хуби равобити ду кишвари дӯсту бародар, ҳамфарҳанг ва ҳамзабон омодагии комили Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эронро барои густариши бештари ҳамкориҳо бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард.

 

متن دیدگاه
نظرات کاربران
تاکنون نظری ثبت نشده است