Суханронии сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар нахустин рӯзи Рӯзҳои синамои Тоҷикистон
Рӯзҳои синамои Тоҷикистон бо унвони “Қадрдонӣ аз ҳунари асил” бегоҳии рӯзи сешанбе 15 октябри 2024 бо ҳузури ҷамъе аз ҳунармандон ва алоқамандони арсаи синамо ва бо суханронии сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳии ин ҷашнвора шурӯъ ба кор кард
Рӯзҳои синамои Тоҷикистон бо унвони “Қадрдонӣ аз ҳунари асил” бегоҳии рӯзи сешанбе 15 октябри 2024, бо ҳузур ҷамъе аз ҳунармандон ва алоқамандони арсаи синамо дар толори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” оғоз ба кор кард. Рӯзи аввали ин ҷашнвора ба номи рӯзи синамои Эрон ва бо пахши филми "Ҳук" ба коргардонии Ҳусайн Регӣ, ифтитоҳ шуд.
Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳии ин ҷашнвора изҳор дошт, ки мавҷудияти муштаракоти амиқи забонӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва тамаддунӣ як зарфияти бузурге барои ҳамкорӣ байни ҳунармандони ду кишвар донист ва изҳор дошт: “ҳунармандони синамо метавонанд аз муҳтавои матнҳои таърихи муштарак, феҳристи тӯлонии бузургон, донишмандон ва чеҳраҳои шоистаи ҷаҳонии порсигӯ омода созанд ва зиндагӣ ва осори мондагори онҳоро барои наслҳои имрӯзу оянда тасвир кунанд ва ба ин васила дар ҳифзу посбонии ин сармояи бузурги муштарак, монеъ аз мусодираи онҳо тавассути дигарон бишаванд”.
Дар ин ҷашнвора ду филми эронии дигар бо номҳои "Капитан" сохтаи Муҳаммад Ҳамзаӣ ва "Ривояти нотамом" ба коргардонии Алиризо Самадӣ, дар рӯзҳои оянда ба намоиш гузошта мешванд.