20 September 2024
2024/05/16 - 15:47
View 68

Дидори прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон – Президенти ин кишвар дидор ва табодули назар кард.

Ҳуҷатуллоҳислому муслимин Муваҳидӣ – прокурори генералии кишварамон барои ширкат дар 5-умин Ҷаласаи Прокуророни генералии Созмони ҳамкории иқтисод (ЭКО) ба Тоҷикистон сафар карда буд, 16 май соли 2024 ҳамроҳ бо раисони дигар ҳайатҳои ширкаткунанда бо Эмомалӣ Раҳмон – Президент дидор кард.

Гуфтанист, ки ду рӯз пеш (сешанбе 14 май Прокурори генералии кишвар ба манзури ширкат дар 5-умин Ҷаласаи Прокуророни генералии Созмони ҳамкории иқтисод (ЭКО) ба Душанбе – Пойтахти Тоҷикистон сафар намуд.

Аввалин Ҷаласаи Прокуророни генералии кишварҳои узви (ЭКО) дар моҳи майи 2012 ба мизбонии Эрон, дувумин ҷаласа моҳи май 2015 дар Туркия, севумин ҷаласа дар соли 2017 дар Покистан, чаҳорумин ҷаласа дар сентябри 2023 дар Озарбойҷон баргузор шудааст.

   

متن دیدگاه
نظرات کاربران
تاکنون نظری ثبت نشده است