21 November 2024
2024/05/27 - 09:51
View 105

Қадрдонии сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ибрози ҳамдардии мақомоти олимақом ва мардуми Тоҷикистон

Алиризо Ҳақиқиён - сафир Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар нишасти матбуотии худ аз ибрози ҳамдардӣ ва тасалияти мақомоти Олӣ ва мардуми Тоҷикистон бо Давлат ва мардуми Эрон дар робита ба шаҳодати Президенти Эрон ва ҳамроҳони вай ташаккур ва қадрдонӣ кард

 

Алиризо Ҳақақиён - сафири Эрон дар Тоҷикистон зимни баргузории нишасти матбуотӣ бо ҳузури намояндагон воситаҳои хабарии мӯътабари ин кишвар аз ибрози ҳамдардӣ ва тасалияти мақомоти олимақом ва махсусан Эмомалӣ Раҳмон - Президент, Рустами Эмомалӣ - раис Маҷлиси миллӣ ва ҳамчунин мардуми тоҷик бо Давлат ва мардуми Эрон дар робита ба шаҳодати Президент оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, вазири мӯҳтарам умури хориҷаи Ҳусайн Амирабдуллоҳиён ва ҳамроҳони онҳо дар сониҳаи ҳавоӣ ташаккур ва қадрдонӣ кард.

Ҳақиқиён изҳор дошт: мақомоти мӯҳтарам ва мардуми азизи Тоҷикистон аз қишрҳои гуногуни мардум, фарҳехтагон, олимон, шахсиятҳои илмӣ, фарҳангӣ, нависандагон, адибон, шуаро, ҳунармандон, варзишгарон бо ирсоли паём, сурудани шеър, дилнавишта, фаъолият дар шабакаҳои маҷозии иҷтимоӣ, ирсоли шохаи гул ва ё ҳузур дар сафорат ва имзои “Дафтари ёдбуди шуҳадо”, изҳори таслияту ҳамдарди худро бо ҳамзабонон, ҳамтаборон ва хешовандони эронии худ эълом карданд. Ин вазъият бори дигар ба ҷаҳониён нишон дод, ки мардуми Эрону Тоҷикистон дар ғаму шодии якдигар шарик ҳастанд ва дар шароити сахт маҳкаму устувор дар канори ҳам истодаанд.

Вай бо ишора ба алоқамандии зиёди Президенти фақид ба мардуми Тоҷикистон, баён кард: хушбахтона равобити дӯстона ва самимона байн эшон ва ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон – Президенти мӯҳтарами Тоҷикистон бо оғоз ба кори давлати сездаҳум барқарор шуд ва ба ҳамин далел муносиботи ду кишвар таҳти таваҷҷуҳ онҳо, аз ҳолати рукуд хориҷ шуд ва дар масири ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар сутӯҳи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ қарор гирифт. Ба гунае, ки ҷаноби оқои Раисӣ дар вазифаи Президентӣ аввалин сафари расмии хориҷ аз кишвари худро ба Тоҷикистон анҷом дод ва чанд моҳ баъд низ ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон пас аз ҳудуд 8 сол ба Теҳрон сафар кард. Ҷумлаи таърихии Раисӣ чароғи роҳи ҳамкориҳои дуҷониба аст.

Ҳақиқиён бо баёни ин нукта, ки «ҷаноби оқои Раисӣ баъд аз чанд моҳи сафари нахустин ба Тоҷикистон иқдом ба дувумин сафари худ ба ин кишвар кард», изҳор дошт: “Дар ин сафар буд, ки Президенти фақиди Эрон ҷумлаи таърихӣ, ки «Пешрафт ва амнияти Тоҷикистон, пешрафт ва амнияти Эрон аст»-ро ба ошкоро ба дунё эълом кард ва ин ҷумла сарлавҳаи фаъолияти Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ин сафорат қарор гирифт ва имрӯз ба унвони чароғи роҳи ҳамкориҳои ду кишвар бародар ва ҳамзабон мебошад. Панҷ дидори Президентони ва табодули беш аз 100 ҳайат байни ду кишвар сафири Эрон дар бахши дигаре аз суханони худ таъкид кард: “Дар давраи давлати ҷаноби оқои Раисӣ, дар маҷмӯъ байни Президентони ду кишвар 5 бор дидору мулоқот дар фазои дӯстона, бародарона ва самимӣ ва мутмаин баргузор гардид. Зимн инки дар ин муддат ҷаноби оқои Рустам Эмомалӣ, раиси муҳтарами Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳам барои аввалин бор ба Теҳрон сафари расмӣ кард, ки ин сафар низ пурсамар буд. Шоёни зикр аст, ки доктор Амирабдуллоҳиён вазири муҳтарами корҳои хориҷии кишвармон низ ҳамвора бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар таъкид фаровон дошт ва нақши арзандаеро дар иртиқоъ муносиботи ду кишвари дӯст, бародар, ҳамфарҳанг ва ҳамзабон иҷро кард”. Вай идома дод: “Дар се соли гузашта беш аз 100 ҳайати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни Эрон ва Тоҷикистон табодул шуда ва беш аз 50 санади муҳимми ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф бавежа иқтисодӣ, тиҷорӣ, саёҳатӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ба имзоъ расидааст.

 

Дар ин муддат ҳаҷми равобити иқтисодӣ аз ҳудуди 60 миллион ба беш аз 320 миллион доллар афзоиш ёфт ва бо барқарори 4 парвози мустақим дар ҳафта байн ду кишвар тараддуди сайёҳон байни Эрону Тоҷикистон ба сурат чашмгире афзоиш ёфт ва рафту омади мардуми ду кишвар осон шуд. Баргузории 3 нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва ҳамчунин барпоии 2 Намоишгоҳи ихтисосӣ ва чандин ҳамоиши муштараки сармоягузорон, корфармоён ва тоҷирони ду кишвар аз дигар иқдомоти суратгирифта дар ростои тақвияти ҳамкориҳо буд.  Афзоиш таваҷҷуҳ ба таомулот фарҳанги дуҷониба

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар бахши дигаре аз суханони худ, таомулоти фарҳангӣ байни ду кишварро муҳимм ва арзишманд хонд ва тасреҳ кард: Дар ин давра дар ҳавзаи фарҳангӣ ва иртибототи мардумӣ низ шоҳиди таҳаввули чашмгирӣ будем. Пас аз солҳо вақфа, Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сол 2022 дар Теҳрон, Шероз ва Табриз баргузор шуд ва дар ҳамон сол Рӯзҳои фарҳангии Эрон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд бо ҳузури ҷамъ зиёде аз аҳли ҳунару адаби ду кишвар сурат гирифт.

Дар соли гузашта Тоҷикистон ба унвони меҳмони махсуси(вежа) Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон интихоб шуд ва ҷамъе аз аҳли фарҳангу адаби кишвар дӯсту бародар барои боздид аз ин намоишгоҳ дар Эрон ҳузур ёфтанд.

Шоён зикр аст, ки бузургдошт мафохир фарҳангӣ ва адабӣ муштарак ду кишвар монанд Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва ғайра дар рӯзномаи кории равобити фарҳанги ду кишвар қарор гирифт. Дар маҷмӯъ, равобит байни Эрону Тоҷикистон таҳти таваҷҷуҳоти Президентони муҳтарами ду кишвар дар ҳама арсаҳо ба рушд ва тавсеа чашмгире даст ёфт, ки ин масир бо ҷидият думбол хоҳад шуд.

Дар идомаи ин нишасти матбуотӣ, Алиризо Ҳақиқиён - сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба теъдоде аз пурсишҳои хабарнигорон посух гуфт.

Ҳақиқиён дар робита ба ин пурсиш, ки «тасмими лағви(бекор кардани) раводид(виза) барои шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон чӣ замоне иҷроӣ хоҳад шуд», баён кард: Санади тасмими лағви раводид мароҳили аслии худро дар Эрон тай карда ва дар ҳоли ҳозир ҳамоҳангиҳои иҷроӣ ва техникӣ дар даст пайгирӣ аст. Умедворам ба зудӣ низоми лағви раводид байни ду кишвар барқарор хоҳад шуд.

Сафири Эрон дар посух ба пурсиши дигаре дар бораи ҳамкориҳои парлумонӣ байни Эрону Тоҷикистон ва ҳамчунин вазъияти равобити бародархондагӣ байни шаҳрҳои ду кишвар, гуфт: Хушбахтона ҳамкориҳои парлумонии ду кишвар дар сатҳи бисёр хубе қарор дошта ва табодули мутақобили ҳайатҳои парлумони сурат мегирад.

Шоёни зикр аст, ки тай нимсоли гузашта Раисони муҳтарами Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Эрон сафар карданд ва дар ояндаи наздик барномаҳои васеътаре ҳам вориди марҳалаи иҷроӣ хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки ҳамкориҳои вилоятҳои байни ду кишвар низ чашмгир буда ва барномаҳои ҷомеътареро ҳам дар рӯзномаи кор дорем. Муносибатҳои вилоятҳои Хуросони Разавӣ, Шероз ва шаҳри Табриз бо вилоятҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон вуҷуд дошта ва лозим аст зарфиятҳои бисёр зиёди мавҷуд барои ҳамкорӣ ҳар чи зудтар шиносоӣ шуда ва мавриди истифода қарор бигирад. Ахиран ҳайате аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон сафаре ба Теҳрону Исфаҳон доштанд, ки тавофуқоти хубе анҷом шудааст. Ба бовари мо ин ҳавза барои ҳамкориҳои дуҷониба бисёр арзишманд аст ва мавриди таваҷҷуҳи бештаре қарор хоҳад гирифт.

Ҳақиқиён дар посух ба ин пурсиш, ки: «Байни Эрону Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо таҳдидоти гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ чӣ ҳамкориҳои вуҷуд дорад ва нигоҳи Теҳрон ба ҳузури бархе аз шаҳрвандони тоҷик дар иқдомоти террористӣ чӣ гуна аст», изҳор дошт: Мо онҳоро аслан шаҳрванди тоҷик намедонем, балки аносир, муздуру олати дасти сервисҳои хориҷӣ ва ба вежа Америка ва саҳюнизм мешиносем. Ончи барои мо мусаллам аст ин аст, ки онҳо мусалламан душмани Тоҷикистону Эрон ҳастанд ва ҳадафҳои муштараки алайҳи ин ду кишварро думбол мекунанд. Хушбахтона ҳамкориҳои байни ниҳодҳои марбутаи Эрону Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин дигар ҷароими созмонёфта дар рӯзномаи корӣ қарор дорад.

Алиризо Ҳақиқиён - сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ин нишасти матбуотӣ ҳамчунин ба пурсишҳои дигари хабарнигорони тоҷик низ посух гуфт.

متن دیدگاه
نظرات کاربران
تاکنون نظری ثبت نشده است