22 November 2024
2024/06/06 - 09:51
View 82

Алиризо Ҳақиқиён сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон чаҳоршанбе 16 июн бо Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон мулоқот кард.

Дар ин дидор Юсуф Раҳмон пас аз изҳори таслият ва ҳамдардии амиқи худ дар робита ба шаҳодати Оятуллоҳ Раисӣ Раиси Ҷумҳурии фақиди кишварамон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ ба густариши ҳамкориҳои додситонии кулли ду кишвар дар солҳои ахир ишора кард ва ба зарурияти минбаъд ҳам мустаҳкам намудани ин ҳамкорӣ таъкид карда шуд.

Вай бо ишора ба ҳаводиси ахири террористӣ дар Кирмон ва Маскав густариши ҳамкориҳои ниҳодҳои зирабти ду кишвар дар заминаи мубориза бо терроризм ва ифротгароиро муҳим донист ва аз омодагии Додситонии кулли кишвараш дар ин замина хабар дод.

Сафири кишварамон изҳори таслияти самимӣ ва ҳамдардии амиқ ва густурдаи мансабдорони воломақом ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба шаҳодати шаҳидони хидматро хеле муҳим ва таъсирбахш арзёбӣ намуда, ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон барои ҳамдарди ва изҳори таслият ташаккур кард ва афзуд: Ин вазъ бори дигар нишон дод, ки мардуми Эрон ва Тоҷикистон, ки ҳамнажод, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҳастанд, ҳамеша дар ғаму шодии ҳамдигар шариканд.

Ҳақиқиён бо ишора ба сафари ахири додситони кулли кишварамон ба Тоҷикистон ба пешрафти ҳамкориҳо дар ин бахш арзёбӣ карда, бар зарурати густариши ин ҳамкорӣ, бахусус дар заминаи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ таъкид кардааст. Сафири кишварамон бо ишора ба амалҳои террористии ахир дар Кирмон ва Маскав изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон омилони ин амалҳои террористиро тоҷик намешуморад, онҳо террористони зархарид ва агентҳои хадамоти амниятии хориҷӣ, ба хусус ИМА ва  режими саҳюнистӣ ва душманони Эрону Тоҷикистон  медонад ва ба  ҳеҷдину инсоният бовар надоранд.

متن دیدگاه
نظرات کاربران
تاکنون نظری ثبت نشده است