2 October 2025
2025/08/26 - 15:18

Мулоқоти доктор Ароқчӣ вазири корҳои хориҷии кишварамон бо Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар мулоқоти доктор Ароқчӣ вазири корҳои хориҷии кишварамон бо Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталифи сиёсӣ иқтисодӣ тиҷоратӣ фарҳангӣ илмиву донишгоҳӣ ҷаҳонгардӣ ва консулгарӣ баррасӣ шуд. Ду тараф дар бораи роҳҳои тақвият ва густариши равобит ва осон кардани муносибатҳои байни бахшҳои хусусӣ ва мардумӣ мубодилаи афкор намуданд.

Сайид Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои  хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар раъси як ҳайати дипломатӣ дар таърихи 30 июли 2025 барои музокирот бо мақомоти олии Тоҷикистон ба Душанбе сафар карда буд, асри имрӯз бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор, ду вазир равобити дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, илмиву донишгоҳӣ, ҷаҳонгардӣ ва консулгарӣ баррасӣ намуда, дар бораи роҳҳои тақвият ва густариши равобит ва осон кардани муносибатҳои байни бахшҳои хусусӣ ва мардумӣ мубодилаи афкор карданд.

Ҳамчунин, таҳаввулоти минтақавии Ғарби Осиё ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вазири хориҷии кишварамон аз мавқеъи усулӣ ва қатъии Тоҷикистон дар маҳкум кардани таҷовузоти низомии анҷомшуда алайҳи Эрон сипосгузорӣ кард ва бо ишора ба оқибатҳои хатарноки қонуншиканиҳои доимии режими саҳюнистӣ, бахусус наслкушӣ дар Фаластини ишғолӣ ва ҳамлаҳои пайдарпай ба кишварҳои дигар, бар зарурати иқдоми фаврӣ ва муассири ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои исломӣ барои кумак ба мардуми мазлуми Ғазза ва таваққуфи ҷиноятҳои ин режим таъкид намуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз вуҷуди иродаи муштараки раҳбарони ду кишвари ҳамзабон ва дӯст барои таҳкими равобит ва тавсеаи муносибатҳо дар ҳамаи заминаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар изҳори хушнудӣ карда, густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷоратиро бисёр муҳим донист ва омодагии Тоҷикистонро барои пешбурди ин амр эълон кард.

Дар ҷараёни дидори Ароқчӣ ва Сироҷиддин Муҳриддин, таҳаввулоти равобити байналмилал ва созмонҳои байналмилалӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ду вазир барои тақвияти ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба хотири пешбурди манфиатҳои муштарак, аз ҷумла барои муаррифӣ ва ҳифзи мероси муштараки тамаддунӣ, забонӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳимоят аз мавқеъҳои якдигар, ба тавофуқ расиданд.

 

 

متن دیدگاه
نظرات کاربران
تاکنون نظری ثبت نشده است