21 November 2024
2024/07/15 - 15:16
View 82

Паёми табрики Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти мунтахаби Ҷумҳурии Исломии Эрон

Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли як паёме интихоби Масъуди Пизишкиён ба мақоми Президенти нави Ҷумҳурии Исломии Эрон табрик гуфт

Паёми табрики Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти мунтахаби Ҷумҳурии Исломии Эрон

Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ирсоли як паёме интихоби Масъуди Пизишкиён ба мақоми Президенти нави Ҷумҳурии Исломии Эрон табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ирсоли як паёме интихоби Масъуди Пизишкиён ба мақоми Президенти нави Ҷумҳурии Исломии Эрон табрик гуфт.

Матни паёми эшон ба шарҳи зер аст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон сарфарозам ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро иброз намоям.

 

Пирӯзии Шумо дар интихобот, қабл аз ҳама, нишони эътимоди ҷомеаи Эрон ба барномаву ниятҳои созандаи Шумо ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Эрон аст.

 

Тоҷикистону Эронро муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд, ки заминаи мусоид барои таҳкиму тавсеаи пайвастаи равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳои мо мебошанд.

 

Бо истифода аз ин фурсат алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши беш аз пеши ҳамкории дуҷониба бар пояи усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва эътимоду эътиқоди холисона ба якдигар таъкид менамоям.

 

Ҳамзамон бо ин, идомаи муколамаи сатҳи олиро василаи муҳимми пешбурди ин раванд ва посухгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистону Эрон медонам.

 

Дар ин робита бо камоли майл Шуморо ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон дар аввалин фурсати бароятон муносиб даъват менамоям.

 

Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар татбиқи барномаву ниятҳои некатон дар маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон комёбиҳо, ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу дорам».

متن دیدگاه
نظرات کاربران
تاکنون نظری ثبت نشده است