21 November 2024
2024/09/30 - 10:24
View 53

Паёми Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари инқилоби исломӣ ба муносибати шаҳодати Ҳуҷҷат-ул-ислом валмуслимин Сайид Ҳасан Насруллоҳ дабири кулли шаҳиди

Роҳ ва мактаби сайиди муқовимат идома хоҳад ёфт/ Зарбаҳои ҷабҳаи муқовимат ба ҷисми фарсуда ва рӯ ба заволи режими саҳюнистӣ кӯбандатар хоҳад шуд.

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

«Мо аз они Худо ҳастем ва ба сӯи Ӯ боз мегардем!»

 

Миллати азизи Эрон

Уммати бузурги исломӣ

 

Муҷоҳиди кабир, парчамбардори муқовимат дар минтақа, донишманди дорои фазилати динӣ ва раҳбари мудаббири сиёсӣ, ҷаноби Сайид Ҳасан Насруллоҳ (р), дар ҳодисаҳои шаби гузашта дар Лубнон ба файзи шаҳодат ноил омад ва ба малакут парвоз кард. Сайиди азизи муқовимат подоши даҳҳо соли ҷиҳод дар роҳи Худо ва душвориҳои онро дар рафти муборизаи муқаддас дарёфт кард. Ӯ дар ҳоле шаҳид шуд, ки саргарми тарроҳӣ барои дифоъ аз мардуми бепаноҳи Зоҳияи Берут ва хонаҳои харобшуда ва азизони парпаршудаи онон буд, ҳамчунон, ки даҳҳо сол барои дифоъ аз мардуми ситамдидаи Фаластин ва шаҳру рустои ишғолшуда ва хонаҳои харобашуда ва азизони қатли ом шудаи онон тарроҳӣ ва тадбиру ҷиҳод карда буд. Неъмати шаҳодат пас аз ин ҳама муҷоҳидат ҳаққи мусаллами ӯ буд.

Дунёи ислом, шахсияти боазаматро; ва ҷабҳаи муқовимат парчамдори барҷастаро, ва «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнон раҳбари камназирро аз даст дод, аммо баракатҳои ҷиҳоди даҳсолаҳои ӯ ҳеҷ гоҳ аз даст нахоҳанд рафт. Асосе, ки дар Лубнон бунёд кард ва ба дигар марказҳои муқовимат роҳнамоӣ кард, на танҳо бо талафоти худ аз байн нахоҳад рафт, балки ба шарофати хуни ӯ ва дигар шаҳидони ин ҳодиса қувват хоҳад гирифт. Зарбаҳои ҷабҳаи муқовимат бар пайкари фарсуда ва рў ба заволи режеми саҳюнистӣ, бо қудрату нерӯи илоҳӣ кӯбандатар хоҳад шуд. Зоти палиди режеми саҳюнистӣ дар ин ҳодиса, ба пирӯзӣ даст наёфтааст.

Сайиди муқовимат, як шахс набуд, як роҳу як мактаб буд ва ин роҳ ҳамчунон идома хоҳад ёфт. Хуни шаҳид Сайид Аббос Мусавӣ бар замин намонд, хуни шаҳид Сайид Ҳасан низ бар замин нахоҳад монд.

Инҷониб ба ҳамсар гиромии Сайиди азиз, ки пеш аз ӯ фарзандаш Сайид Ҳодиро низ дар роҳи Худо дода, ва ба фарзандони гиромияш, ба хонаводаҳои шаҳидони ин ҳодиса ва ба якояки афроди “Ҳизбуллоҳ”, ба мардуми азизу мақомоти Олии Лубнон, ба саросари ҷабҳаи муқовимат ва ба маҷмӯи уммати исломӣ, шаҳодати Насруллоҳи бузург ва ёрони шаҳидашро табрик ва таслият арз мекунам ва дар Эрони исломӣ панҷ рӯз азои умумӣ эълом менамоям. Худованд ононро бо авлиёаш маҳшур фармояд.

 

Вассалом ало ибодиллоҳис-солиҳин

 

Сайид Алӣ Хоманаӣ

28 сентябри 2024

 

متن دیدگاه
نظرات کاربران
تاکنون نظری ثبت نشده است