22 November 2024
2024/04/15 - 09:51
View 75

Изҳороти расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Изҳороти расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси посух ба иқдоми таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ бар зидди Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ

Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иҷрои ҳуқуқи аслии дифоъ аз худ, ки дар банди 51-и Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дар вокуниш ба таҷовузҳои пайвастаи низомии режими саҳюнистӣ ва шаҳодати мушовирони расмии низомии Эрон, ки ба даъвати давлати Сурия дар ин кишвар машғули фаъолият буданд, ва ба хусус ҳамлаи низомии санаи 1 апрели 2024 ба маконҳои дипломатии кишвармон дар Димишқ, дар санаи 14 апрели 2024, ба муқобили пойгоҳҳои низомии ин режим як силсила ҳамлаҳои низомӣ анҷом доданд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни тасдиқи пойбандии худ ба усулу ҳадафҳои Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва қонунҳои байналмилалӣ, таъкид мекунад, ки бар азми худ барои дифоъ аз ҳокимият, тамомияти сарзаминӣ ва манофеи миллии худ дар баробари ҳар гуна истифода аз нерӯ ва таҷовуз ба таври қотеона дифоъ кунад.

Бархӯрди Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тадобири дифоӣ дар татбиқи ҳуқуқи дифоъ аз худ нишон медиҳад, ки бархӯрди масъулиятноки Эрон ба сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ дар ҳолест, ки амалҳои ғайриқонунӣ ва наслкушии режими апартеиди саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин ва таҷовузоти низомии мукаррари ин режим   муқобили ҳукуматҳои хамсоя ва оташафрӯзӣ дар минтақа ва берун аз он идома дорад.

Дар сурати зарурат Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳифзи манофеи қонунии худ аз ҳар гуна иқдомоти таҷовузкоронаи низомӣ ва истифодаи ғайриқонунӣ аз зӯр, тардиде ба худ роҳ нахоҳад дод.

متن دیدگاه
نظرات کاربران
تاکنون نظری ثبت نشده است